Дар ҳама давру замон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбари ҷомеа эътироф шудаву ҳамеша дар маркази диққати умум қарор доранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки худшинос, ватандӯсту бомаърифат бошанд, то дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, барои мардуми хеш хизмат намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд бардоранд.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати илму технология раванди ҷаҳонишавиро бештару зудтар кард. Мусаллам аст, ки ин раванд бештар тарафҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Ҷиҳати мусбӣ дар он аст, ки илму технология ва маҳсулоти гуногуни мавриди ниёз тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ба ҳама гӯшаи дунё кашонида мешавад. Вале ҷиҳати манфии ин раванд дар он аст, ки ба нобудии фарҳанг, забонҳои мухталиф, урфу одатҳои миллии халқҳои гуногун оварда мерасонад. Ба ҷои ҳамаи ин рушди босуръати синамои кишварҳои абарқудрат, ки дар он фаҳшу зӯроварӣ, фанатизм ва манякизм – бемориҳои рӯҳии ҷамъиятие, ки ҷони инсон дар он қадр надорад, паҳн гашта, зарбаи сахте ба пойдевори анъаноту расму таомули мардумони мамолики мухталиф мезанад. Инчунин, яке аз тарафҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт мушоҳида мегардад, дар таъсири ширкатҳои калони байналмилалӣ – консернҳои трансмиллӣ ва аз тарафи онҳо монополия шудани бозор ва пахш кардани соҳибкории хурду миёна аст. Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат бағоят муҳим мебошад. Бо қаноатмандӣ изҳор метавон кард, ки истиқлолияти давлатӣ роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушди мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Аммо боиси таассуф аст, ки як зумра ҷавонони ноогоҳ аз тамаддуни ниёгону фарҳанги миллӣ ба доми фиреби таблиғчиён афтода, шомили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мешаванд ва аз рӯи нодониву ҷаҳолат аз мазҳаби Имоми Аъзам баромада, ба дигар мазҳабҳо мегузаранд. Ғайр аз ин, ҷавононер низ дучор меоем, ки шуури сиёсии паст доранд, ба дурӯғу буҳтони нафароне бовар мекунанд, ки берун аз кишварамон қарор доранд ва пайрави гуфтору кирдори онҳо шуда, хиёнат ба Ватану миллати хеш мекунанд. Ин қабил ҷавонон онҳое ҳастанд, ки ҷаҳонбинии танг, сатҳи маърифатнокии паст дошта, аз таъриху фарҳанг, мазҳаб ва дину оини аҷдодии хеш фарсангҳо дуранд ва пешравиҳои давлати худро нодида мегиранд.
Абдулваҳҳоб Шарипов-узви ҲХДТ дар ноҳияи Сино
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо