ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохўриҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш саннаи 30.11.2018 дар ҷамоати шаҳрак бо иштироки роҳбари ташкилот дар ноҳия Худойдод Ёров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, Сархатиби ноҳия, мудири шуъбаи МИҲД, бо ҷавонони маҳаллаи Тоҷикобод 1, хонандагони синфҳои болоӣ,омузгорон ва падару бародароне, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсилии ғайрирасмии динӣ машғул мебошанд, суҳбату вохури гузаронида шуд.Нахуст корманди шуъбаи КДАМ дар ноҳия Имомов Хуршед ба сухан баромада кайд кард, ки имруз вазъи глобалии ҷахон зуд-зуд тағир ёфта, ҳизбу ҳаракатҳо ва равияву мазҳабҳои динии гуногуни ифротӣ кўшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намоянд. Яке аз чунин ташкилотҳои ифротӣ ТЭТ ҲНИ мебошад, ки барои зиёд намудани ҷонибдорону пайравони худ, дар байни муҳоҷирони камсавод ва бетаҷриба таблиғот мебарад. Манбаи дигари ҷалби ҷавонон ба сафҳои ТЭТ ҲНИ муҳасилини таълимоти ғайрирасмии динии дар хориҷи кишвар қарордошта мебошнд, ки новоста аз даъватҳои доимии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мутаасифона то ба ҳол ба ватан барнагаштаанд.Зимнан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ёдовар шудаанд,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи ба сари қудрат омаданашон нисбати давлату миллат ғамхории зиёд зоҳир намуда, барои баргардонидани шаҳрвандони бурунмарзи кишвар талошҳои беназир намудаанд. Ҳамзамон барои шахсоне, ки дар ҷангҳои мусаллаҳона ишрок карда бо хоҳиши худ ба ватан бармегардаанд, авф эълон кардаанд, ки бори дигар шаҳодат аз ғамхороии Пешвои миллат дарак медиҳад. Бинобар ин аз ҳамаи ҷавонони дар хориҷи кишвар қарордошта даъват менамоем, ки ба ватан баргашта таҳсили худро идома дода, дар ҳифзи субботу оромии кишвар саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо