ШНТҶ. Санаи 1 декабри соли 2018 Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо масъулини Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар МТМУ №24-и деҳаи Гачак бо иштироки варзишгарони ҷавон ва сарбозони қисми ҳарбии 06870 ҚЗ ҚМ ҶТ чорабинии ҳарбӣ-ватанпарварӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» баргузор намуд. Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов ифтитоҳ намуда, оид ба тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ суханронӣ намуд. Сипас, аз тарафи варзишгарони ҷавони мактаби варзишии шаҳри Ҳисор намоиши якҳарбаи шарқӣ ва аз тарафи сарбозони ротаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 06870 ҚЗ ҚМ ҶТ намоиши маҳорати ҷангии даст ба гиребон ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани яроқи оташфишони автомати Калашников намоиш дода шуд. Ҳамзамон бо хонандагони синфҳои болоӣ дарси машқӣ гузаронида, оид ба нишондодҳои тактикиву техникии ин яроқ маълумоти умумӣ дода шуд, ки писанди хонандагон гаридид ва чанд нафар аз онҳо хоҳиши ба донишгоҳҳои ҳарбӣ дохил шуданро изҳор намуданд. Инчунин баҳри болида гардонидани табъи иштирокчиёни чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ҳунарнамоӣ намуданд. Мақсади баргузории чунин чорабиниҳои ҳарбӣ-ватанпарварӣ ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарварӣ ва бедор намудани худшиносивӯ худогоҳии миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо