ХАТЛОН. Вохурии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур баргузор гардид. Зимни вохури муовини Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродали Шамсов дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгири аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ суҳбат намуд. Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо