ХАТЛОН. 30-уми ноябри соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масъунияти одам (СПИД) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 -и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагон ҷамъомад доир гардид. Сайдалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба масоли тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пешгирии шомилшавии љавонон ба гуруњњои терроризму экстремизм ибрози назар намуд. Ҳамзамон дар бораи пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам миёни ҷавонон (СПИД) ибрози назар кард. Убайдулло Қурбонов-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар зеҳну шуури кӯдаку навраси имрӯза муҳаббат ба таъриху тамаддуни кӯҳанбунёди тоҷикро бедор намудан лозим аст. Ӯ афзуд, ки сатҳи ҷинояткории наврасон дар ҳудуди ноҳия афзудааст, ки ин вазъ бояд боиси нигаронии волидон ва намояндаҳои соњаи маориф гардад. Ҳамзамон насли наврас ба рафтору амалҳои ноҷои ҳамсолони хеш бояд бетарафӣ зоҳир накунанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо