СУҒД. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» аксия бахшида ба рӯзи 1-уми декабр «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО» баргузор гардид, ки он дар кӯчаву маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 250 варакахо ба шаҳрвандон тақсим карда шуд. Зимни баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон оид ба бемории норасоии масунияти бадан ва роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср фаҳмонида шуда, қайд карда шуд, ки ВНМО ба системаи масунияти одам зарар расонида, ҷисми одам хусусиятҳои муҳофизатии худро нисбат ба намудҳои гуногуни микробҳо ва бемориҳои саратонӣ гум мекунад. Сари вақт табобат накардани сирояти ВНМО метавонад ба БПНМ оварда расонад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо