ДУШАНБЕ. Санаи 29,11,2018 вохӯрии масъулини намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳия бо аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" доир гардид. Раҳмонов Ҷасур намояндаи ТҶҶ Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оиди мақсад ва ҳадафи вохурӣ сухан ронда, доштани мафкураи ягона ва идеалогияи миллиро барои дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи мероси ниёгон, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пос доштани рукнҳо ва муқаддасоти давлату миллат муҳим ва арзишманд ҳисобиданд. Ояндаи ҳар давлату миллат ба фарзандони содиқу илмдӯст, соҳибкасбу ихтисосманд ва худогоҳу хештаншинос вобастагии бузург дорад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо