ДУШАНБЕ. Дар маҳаллаи Шоҳмансур-1 бо ҷавонони ҳудуди маҳалла ва фаъолони намояндагии “Созандагони Ватан” роҷеъ масоили мубрами рӯз мулоқоти рӯ ба рӯ доир гардид. Дар рафти сӯҳбат вобаста ба масъалаҳои пешгирии фарҳанги бегона, гароиш ба равияҳои иртиҷоӣ, маҳкум кардани ҷараёни фаъолияти эктремистии гуруҳҳои ифротгаро ва роҳ надодан ба сабабу шароитҳои мусоидкунанда ба падидаҳои номатлуб, тарғиби фарҳанги миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тақвияти эҳсоси ватанпарастӣ дар ниҳоди насли ҷавон, ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳидояти ҷавонон ба хизмати модар ватан ва амсоли мавзуъҳо нутқ рафт. Таъкид шуд, ки дар марҳилаи раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва миллатсозӣ танҳо ҷавони худогоҳ ва хештанштнос метавонад фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва миллату ватанро дифоъ кунад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо