ДУШАНБЕ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷадвали сӯҳбату вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Сино оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, вируси норасоии масъунияти одам бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО бо хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Шамсов Саидалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади хеш оид ба дастоварҳо дар даврони истиқлолият, ҳифзи арзишҳои маънавию инсонӣ, ҳифзи марзи буму ватан, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам (СПИД) ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо