ХАТЛОН. Вохурии масъулини намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи нақшаи суҳбату вохуриҳои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо ҷавонони фаъоли Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баргузор гардид. Зимни вохурӣ Муродали Шамсов дар бораи ба кор даровардани аввалин чархаи НБО «Роғун» суҳбат намуда, иброз дошт, ки бузургтарин иқдоми замони даврони соҳибистиқлолии мо дар баробари сулҳу суботи ин пешбурди сохтмони НБО «Роғун» мебошад. «Ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати тоҷик- ифтитоҳи чархи якуми неругоҳи номбурда, ки ҳамзамон бо Рӯзи Президент ба вуқӯъ омад, бо ҳарфҳои зарин дар таърих сабт хоҳад шуд».
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо