ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо мақсади дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон намояндагии рӯзи 29.11-2018 бо ҷавонони ноҳия вохурӣ анҷом доданд. Вохуриро роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор ифтитоҳ бахшида оид ба нақши ҷавонони даврони Истиқлолият ва бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар замири ҳар яки онҳо ва омўхтани ватандориву ватанпарастӣ суханронӣ намуданд. Инчунин мавсуф доир ба авҷ гирифтани амалҳои террористию ифротгароӣ дар замони муосир ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ суханрониҳо намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо