ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш таърихи 29.11.2018 дар маҳаллаи Навоии ҷамоати шаҳраки Киров, вохурию суҳбат бо ҷавонони маҳаллаи мазкур дар мавзуи «Истифодаи дуруст аз технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимои» анҷом дод. Дар рафти вохурии маскур роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Худойдод Ёров чунин иброз доштанд , ки бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем. Яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоии хеш мебошад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибатҳои виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанди шиносоии виртуалӣ, суҳбатҳои виртуалӣ, бозиҳои виртуалӣ, алоқаҳои виртуалӣ ва ғайра амал мекунад, инсон оҳиста оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Ҷавонони моро месад дар рўҳияи одобу ахлоқ ва миллатдўстиву меҳанпарстӣ тарбия ёбанд, то унсурҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо таъсири фоҷиабор нарасонад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо