ШНТҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"дар шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Табаров, мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия Туйдиев Тошқул ва директори МТМУ 8 Неъмонов Диловао бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи мазкур ва ҷавонони маҳаллаи Наврӯз дар мавзӯъҳои "Терроризм ва экстремизм", "Истифодаи самаранок аз сомонаҳои иҷтимоӣ", "Ифротгароӣ", ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суҳбату мулоқотҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор сохтани ҳисси миллӣ, худогоҳию худшиносӣ ва даъвати ҷавонон ба ватансозию ватанхоҳӣ мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо