ШНТҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар маҳаллаи Баҳор Ҷамоати деҳоти Баҳор шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Табаров, мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия Туйдиев Тошқул ва директори МТМУ 7 Мусофиров Миралӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи мазкур ва ҷавонони маҳаллаи Баҳор дар мавзӯъҳои "Терроризм ва экстремизм", "Ифротгароӣ", "Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суҳбату мулоқотҳо доир карда шуд. Ҳамчунин баромадкунандагон бо шукргузорӣ ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали НБО-РОҒУН ба иштирокдорони вохӯрӣ бо ифтихор васф намуданд. Дар фарҷоми сӯҳбат идомаи аксияи "Фурӯғи нури Раҳмонӣ" баргузор карда шуд.Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор сохтани ҳисси миллӣ, худогоҳию худшиносӣ ва даъвати ҷавонон ба ватансозию ватанхоҳӣ мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо