ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара, бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон дар ҷамоати деҳоти Корез чорабнии сиёсӣ-адабӣ баргузор намуданд. Зимни иштирок дар чорабинии мазкур намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир ба ташаббусҳои сатҳи глобалии марбут ба об аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Неругоҳи барқи обии Роғун – ояндаи нурбори Тоҷикистон, садоқати ҳомии Ватан, эҳтиром ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби хонандагони муассиса шеърҳо дар мавзӯҳои “Тоҷикистон”, “Ватан”, “Истиқлолият”, “Ваҳдат”, “Пешвои маҳбуби мо”, Ҷавонон” қироат гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо