СУҒД. Бо дастгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди волейбол байни бонувон барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар толори варзишии муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббии ноҳия баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳри Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Гулистон, Спитамен ва аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон 150 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир, директори муассисаи мазкур Хоҷаев Бойназар Умарович иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронӣ иброз доштанд, ки имрӯз фаъолияти муваффақонаи занону бонувони тоҷикро метавон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар варзиш шоҳид шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар тарбияи варзишгарони ҷавон аз ҳисоби занону духтарон ва ташаккули оммавияти варзиш мусоидат менамоянд. Иштирокчиёнро аз номи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон табрик намуд. Дар охир ба ғолибон аз тарафи меҳмонон Диплом, медал ва Ҷоми ҲХДТ супоирида шуд. Ҷойи аввал насиби дастаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби дастаи МТМУ №22-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷойи сеюм насиби дастаи мактаби варзишии ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо