СУҒД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баистифода дода шудани агрегати аввали НБО-и «Роғун» мусобиқаи волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳрро оғоз намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд. Даври аввали мусобиқа дар толори Мактаби варзишии шаҳр ва гимназияи №4 баргузор гардид. Дар нақша ҳаст, ки ғолибони мусобиқа рӯзҳои наздик бо тӯҳфаҳо ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо