ДУШАНБЕ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Сайдалӣ Шамсов дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 бо хонандагон ва ҷавонони маҳаллаи Юсуф Вафо вохўрӣ доир карда шуд. Шамсов Сайдалӣ зимни суханронии хеш оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав ибрози андеша кард.
Дар охир миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон музоккираҳои судманд доир гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо