ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Восеъ вохурии навбатии худро бо ҷавонони ҷамоати деҳоти М. Вайсови бо иштироки кормандони баргузор намуданд. Масъулин ҳамаи ҷавононро бо рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаист ки баргузории он метавонад дар замири ҳар яки мо эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд. Чи хеле, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо