ХАТЛОН. Бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Нуруллоев Саъдулло, ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода, дар МТМУ № 7, бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба истифода дода шудани агрегати аввали НБО «Роғун», ва омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инунин пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумлаи ВНМО суханрони намуд. Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода баромад намуда, иброз дошт ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо нишони эњтирому садоќат ба Парчами давлатӣ рузи 24 – уми ноябрро Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон эълон намуданд. Бинобар он акнун ҳар сол Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Хушбахтона баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибихтиёрӣ аз нав соҳиби Парчами давлатӣ гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо