ХАТЛОН. Тибқи нақшаи намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан»Т дар шаҳри Левакант саннаи 26.11.2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳр вохурӣ бо ҷавонони фаъол таҳти шиори «Роҳнамои мо ҷавонон - Пешвои миллат аст» доир гардид. Дар рафти вохўри роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Гуландом Ризомова сўханрони намуда, чунин иброз доштанд, ки мо ҷавонон фахр аз он мекунем, ки чунин Пешвои ғамхору меҳрубон, бо нангу ор, ватандусту ватанпарвар ва сарсупурдаи миллат дорем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо, мо ҷавонон ҳамчун нерўи пуриқтидори бунёдкор ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолиятӣ давлатӣ, огоҳии мардум аз терроризму ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвари мо мамнўъ, пешгирӣ аз таасуби динӣ ва бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фаҳмонидани зарару оқибатҳои даҳшатборӣ нашъамандию нашъаҷалобӣ, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, ҷалбӣ ҷавонон ба Артиши миллӣ, ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва анъанаҳои неки мардумӣ саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо эҳсосӣ баланди масъулиятшиносию музаффарияту дастовардҳои навин кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо