ХАТЛОН. Бахшида ба муносибати Рузи “Парчами Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон” намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Қубодиён роҳпаймои баргузор гардид. Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонон бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору навиштаҷотҳои “Пешво ифтихори мо” , “Парчамат бодо парафшо Тоҷикистон”, “Парчамат ҳамеша парафшон бод Тоҷикистонам” , “Мо ҷавонон посдори сулҳу ваҳдатем” дар шоҳроҳи маркази ноҳия роҳпаймои намуданд. Ҳамчунин аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” барномаи консерти пешкаши аҳолии ноҳия намуда, табъи аҳли иштирокдоронро болида гардонид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо