ШНТҶ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди пояи Парчами давлатии Тоҷикистон воқеъ дар шаффати варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки кормандони соҳаҳои мухталиф ва сокинони шаҳр чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар ин чорабинии тантанавӣ аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо шиору овезаҳо, парчамҳои Тоҷикистон ва парчамҳои ҲХДТ дар шароити мутантан дар чорабинӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" фаъолона ширкат варзида, дар риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссагузорӣ намуданд. Ҷолиби қайд аст, ки дар ин чорабинии бошукуҳ 40 нафар гирандагони стипендияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат роҳпаймоӣ намуда, озими намоишгоҳ гаштанд ва ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо