СУҒД. Дар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Худоёров Раҳматулло иштирок кард. Мудири кафедраи фанҳои техникӣ ва иқтисодӣ Раҳматуллоев Садриддин дар сухани ифтитоҳии худ иштирокчиёни конфронсро табрику таҳният намуда, дар бораи парчам ва таърихи он суханронӣ намуд. Инчунин Комилов Баёт дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Абдувоитов Исмоил дар мавзӯи «Нигоҳе ба таърихи Парчам ҳамчун рамзи сиёсӣ», Тошматов Соҳибҷон дар мавзӯи «Парчами «осмонбӯс»-и Тоҷикистон дар китоби рекордҳои Гиннес» баромад намуданд. Сипас аз тарафи донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгорӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Дар охир деректори Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов Мирмуҳсинов Салимҷон баромад карда иштирокчиёни конфронсро бо муносибати Рӯзи Парчами даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлати тоҷикон аст. Имрӯз бояд ҷавонон барои муаррифӣ намудани миллат ва баланд бардоштани Парчам дар арсаи ҷаҳон саъю талош намоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо