ХАТЛОН. Бо ташабуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар якҷояги бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Бахшида ба Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизби таҳти унвони «Парчами милли – рамзи Давлатдорист! » дар маркази шаҳри Бохтар майдони Парчам баргузор гардид. Дар он зиёда аз 300 маводҳои таблиғоти бо навиштаҷоти маъруза бахшида ба Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони корхонаву, ташкилотҳо ,муассисаҳо ва ҷавонони донишгоҳу колеҷҳо ва муассисаҳо тақсим карда шуд. Аз тарафи кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаҳмонида шуд, ки ҳар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд. Вожаҳои "ахтар" ва "дирафш" дар садаҳои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор мерафтаанд. Дар мӯътабартарин фарҳангҳои форсӣ "ахтар"-ро ситора навиштаанд ва ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд. "Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо