ХАТЛОН. Бо ташабуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Левакант санаи 21-ноябри соли 2018 дар толори МТМУ №1 Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба Рўзи Парчами Тоҷикистон ва 24-солагии ҲХДТ таҳти унвони «Ҷавонон қувваи боэътимоди миллат» бо ҷалби зиёди ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова таҳти унвони «Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат», роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ризомова Гуландом таҳти унвони «Президенти ман», мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова таҳти унвони «Парчам – рамзи соҳибистиқлолӣ», мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев таҳти унвони «ҲХДТ –ҳизби пешоҳанги ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба Рўзи Парчами Тоҷикистон ва 24-солагии ҲХДТ таҳти унвони «Занону ҷавонон фарди боэътимоди миллат»-ро мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумита Шаҳло Шомудинова оғоз намуда, иброз намуд, ки имрўзҳо барои мардуми шарафманди кишвари соҳибистиқлол, Тоҷикистони азиз муяссар гардидааст, ки барои таҷлили ҷашни муқаддастарини миллӣ то 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои созандагию бунёдкорӣ саъю талош намоянд. Ба ин хотир дар саросари кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халҳии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашнҳои бузурги тарихӣ ва давлатӣ инчунин Рўзи Парчами Тоҷикистон, ки яке аз муқаддасоти миллии мо ба ҳисоб меравад, бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Мо ҳизбиён, хусусан бо ҷалби зиёди занону ҷавонон ва наврасон вохўрию суҳбатҳо ташкил намуда, моҳияту аҳамияти Парчамро хамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ фахмонида, мардумро ба муттахидӣ, ягонагӣ, ватандустию механпарастӣ ва садоқат ба Ватан ва сарзамини ачдодӣ даъват менамоем. Парчам рамзи давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоди сокинони ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодиву истиқлолият маҳсуб меёбад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо