ХАТЛОН. Бо ташабуси КИ ҲХДТ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии техникӣ № 9-и шаҳри Бохтар конфренси илми адабӣ баргузор гардид. Дар Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" Асадуллозода Ватан, роҳбари литсей Шарипов Сайбурҳон ва омӯзгорон иштирок доштанд. Хонандагони Литсей ба ҳозирин маърузаҳо, шеърҳо ва ба хотири болидахотири онҳо саҳначаи ҳаҷвие пешкаш намуда ҳунару маҳорати худро нишон доданд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон мешиносанд, чунки ин рамзҳо нишони асосии давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Қавмҳои ориёӣ ҳануз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Дар таърих ливои Куруши Кабиру Дирафши Ковиёнӣ шуҳратёр мебошад. Давлатҳои бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз расидааст.Дар моддаи 18-и Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки Нишони давлатӣ, Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя мекунад. Дар идома ҳамагонро ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда барору комёбиҳо орзу намуд. Дар охир Роҳбари литсей барои иштироки фаъолонаашон минадори худро ба кули омӯзгорон ва хонандагон иброз намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо