ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ховалинг ба ифтихори рӯзи Парчами давлатӣ бо ҷавонони ноҳия вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ҷавонон ва дигар фаъолони ташкилот иштирок доштанд. Дар оғози суҳбат Ҷ. Қаюмов ҳамагонро ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаст, ки «Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар муқаддас аст».Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ, ҳаёти осоишта, сулҳу суббот, соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчами миллӣ иди сулҳу дӯстӣ ва субботу муттаҳидӣ буда, мо насли наврасро водор месозад, ки чун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон аз як гиребон сар бароварда, дар ободии хона, кӯчаву маҳалла ва дар маҷмӯъ дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо