ХАТЛОН. Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар ноҳияи Вахш саннаи 21.11.2018 дар маҳаллаи Оқгазаи Ҷамоати шаҳраки Киров вохурию суҳбат бо ҷавонони маҳаллаи мазкур дар мавзўи «Ҷавонон муҳофизони фардои Ватан» доир намуд. Мавриди вохури роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров изҳор намуданд, ки дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Бинобар ин ҳимояи марзу буми Тоҷикистон қарзи ҷонию имонии ҳар як Ватандор аст.Ҷавонон, ки муҳофизони фардои Ватанед, бояд ҳимояи Меҳанро вазифаи фарзандиву ҷонии худ бидонед. Ба хизмати сарбози рафтан, барои ҳифзи Ватан-Модар камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавон писари кишварамон бошад. Саъдии Шерозӣ дар ин маврид барҳақ мефармояд: «Гар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав!»
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо