Дар доираи ҳамкориҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва қаноти ҷавонони Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» - «Молодая Гвардия», дар заминаи омодагиҳо ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ташкилотҳои ҷавонони ҳизб, бо мақсади бештар тақвият бахшидани кори созмон ва омўзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия дирўз видеоконференсияи байналхалқӣ таҳти унвони «Дипломатияи мардумӣ: дурнамо ва шаклҳои иштирок» баргузор гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, муовини аввали раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳомҷон Ҳамидиён иштирок ва суханронӣ намуд. Дар кори конференсия намояндагони Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» - «Молодая Гвардия», Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск, раёсати кор бо ҷомеа ва муносибатҳои миллии Губернатори вилояти Иркутск, ҳаракати ҷавонони Ассамблеяи халқҳои Россия ва Ассамблеяи ҷавонони халқҳои Қирғизистон иштирок доштанд. Зимни баромади худ И. Ҳамидиён роҷеъ ба фаъолияти ибратомўзи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва чорабиниҳои рўзмарраи он маълумоти васеъ дода, иброз дошт, ки соли ҷорӣ барои қаноти ҷавонони ҳизб дар самти муносибатҳои байналмилалӣ соли бобарор маҳсуб меёбад. Имрўз ташкилот дар дохил ва хориҷи мамлакат шинохта ва эътироф шудааст. Метавон гуфт, ки видеоконференсия ба ҳадафи асосии худ – ба роҳ мондани робитаҳои нави ҳамкорӣ, омўзиш ва тақвият бахшидани фаъолияти созмонҳои ҷавонони кишварҳои дўст расид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо