ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб дар доираи нақшаи худ, бо ҷавонони шпҳр вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона пайваста кӯшиш мекунанд. Ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин онҳоро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбият намудан аз вазифаҳои асосии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мансуб меёбад. Пас, ҷавононро зарур аст, ки гирди сиёсати сулҳовари Пешвои миллат зичтар буда, баҳри ободии диёри хеш саҳмгузорӣ намоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо