ХАТЛОН. Санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи кори роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар шаҳри Норак вохӯри бо ҷавонони шаҳр бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо дар мавзӯи “Парчам шиносномаи миллат” баргузор гардид. Дар вохурӣ Фирдавс Ғафурзода оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусу дар бораи парчам баромад намуда сипас Парвина Исмоилова оид ба истифода додани аввалин чархаи НБО-и Роғун, соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, тарзи дуруст истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо