ХАТЛОН. Ба хотири нобут сохтани падидаи номатлуб дар байни ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гуруҳои ифроти, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан ва ҷой намудан дар мафкураи сиёсии ҷавонон Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонон хонандгони сифҳои болои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , муовини директор оид ба корҳои тарбия Мирзоев Маҳмадулло ва омузгорон иштирок намудан. Саравал ба сухан баромада меҳмононро ба ҳамагон шинос намуда оиди Таълиму тарбияи насли наврас ва ҷалб намудани онҳо ба донишгоҳу донишкардаҳои олии кишвар ва берун аз он баромад намуда суханҳои пурмуҳтаво ба ҷавонон бараси намуда сипас суханро ба Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дод. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуд. Дар идома оид ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон мешиносанд, чунки ин рамзҳо нишони асосии давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Қавмҳои ориёӣ ҳануз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Дар таърих ливои Куруши Кабиру Дирафши Ковиёнӣ шуҳратёр мебошад. Давлатҳои бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз расидааст. Дар охир ҳамагонро ба ин рӯзи ҷашн табрику муборакбод намуда ба онҳо дар кору фаъолияташон бурбориҳо тамано намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо