ХАТЛОН. Бахшида ба «Рӯзи Президент», «Солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи Роғун аз кучаи марказии ба номи Исмоили Сомонӣ то Варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даст шиору овезаҳои идона гузашти (Парад) дастаҷамъона анҷом доданд.
Дар қатори дигар сокинону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ дар якҷоягӣ бо волонтёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштироки фаъол намуданд. Қисми фарҳангии чорабинии имрӯза дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки 15 ҳазор нафар идома дорад. Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳои идона дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳалаҳои ноҳия бо оростдоир гардида истодааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо