ДУШАНБЕ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷадвали сӯҳбату вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии аввалин агрегати НБО -"Роғун" бо хонандагону ҷавонони маҳаллаи «Бинокорон»-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ доир гардид. Дар он Шамсов Саидалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе , Дилрабо Ашурова-корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Шамсов Саидалӣ зимни баромади хеш қайд на муд, ки Роғун кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст ва бунёди он моро ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Барқ ин ганҷи бебаҳост. Агар Роғун бунёд шавад, мисли офтоб манзиламонро гарм намуда, ба ҷисмҳо ҷон, ба дилҳо фараҳ мебахшад. Шукри соҳибистиқлолии Ватани азизамон менамоем, ки сохтани иншооти Неругоҳи барқии обии Роғунро, ки соли 1976 оғоз намуда буданду нотамом монд (лоиҳааш ҳанӯз соли 1963 тарҳрезӣ шуда буд) бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаем, ки он илҳомбахши миллати мо мебошад. Ҳамзамон, оид ба дастоварҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият, ҳифзи арзишҳои маънавию инсонӣ,, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо