ДУШАНБЕ. 15 ноябр тибқи супориши протоколии маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ оиди таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО Роғун бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ мизи мудаввар доир гардид. Исматулло Расулов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи мазкур роҷеъ ба дастовардҳзои замони соҳибистиқлолӣ, талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу суботи сиёсӣ ва рушду ободии мамлакат изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз буҳронҳои азими сиёсиву иқтисодӣ баромада, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо