ХАТЛОН. Бахшида муносибати Рузи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” аз назди бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён то назди бинои Қасри Фарҳанги ноҳия Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён якҷоя бо Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба ин фараҳ бо иштироки ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун аз ташкилоту муассисаҳо, толибилмони муассисаҳои таълимӣ , донишҷуёни колеҷи тиббӣ ва омузгорӣ , намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Ҷавонони ташаббускор” –и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён роҳпаймои баргузор гардид. Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонон бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору навиштаҷотҳои “Пешво ифтихори мо” , “Фуруғи нури Раҳмонӣ”, “Пешвои мо ифтихори Мо” , “Мо ҷавонон посдори сулҳу ваҳдатем” дар шоҳроҳи маркази ноҳия роҳпаймои намуданд. Ҳамчунин аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” барномаи консерти пешкаши аҳолии ноҳия намуда, табъи аҳли иштирокдоронро болида гардонид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо