СУҒД. «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод!»
Санаи 15-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки ҷавонон, занони фаъоли ноҳия аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Фурӯғи нури раҳмонӣ» дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 300 варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд. Бояд таъкид кард, ки ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти муҳими мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо