СУҒД. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон кушодашавии агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихорист. Ин рӯзи фараҳбахшро тамоми сокинони кишвар беандоза интизорӣ доранд. Субҳи имрӯз, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Ташкилотҳои ибтидоии «Маркази тарбиявӣ», «Маркази саломатӣ», «Бахши фарҳанг» бо сохтмончиён, шаҳрвандон, дар автобуси мусофиркашони шаҳри Гулистон №4, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аксия таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» баргузор намуд. Плакатҳо ба сокинони шаҳр тақдим карда шуданд. Шаҳрвандон ҳар яке, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузории худро иброз намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо