ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 15 .11.2018 бо иштироки васеи аъзои фаъоли ташкилот дар маркази ноҳия шаҳраки Баҳор, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонии ”Фуруғи нурӣ раҳмонӣ" баргузор намуд. Чавонону наврасон дар даст навиштаҷоту овезаҳои бахшида ба ин лаҳзаи тақдирсози миллат дар маркази ноҳия роҳпаймои намуданд. Чунин Аксия дар беморхонаи марказӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи тибби ноҳия низ баргузор гардид. Аксия –роҳпаймоиро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда қайд намуд, ки Нерӯгоҳи барқии обии Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар таҷдиду эҳёи ин неругоҳи азими аср ҳиссаи Пешвои миллат , ки бо камоли ҷасорати ҷавонмардонаю хирадмандона ва дар такя бо мардуми Тоҷикистон тасмим гирифтанд бениҳоят калон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо