ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бохтар бахшида ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” аксияи ҳизби таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» дар муассисаву ташкилотҳои ҳизби баргузор гардид. Дар он намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок намуда ба роҳбарону кормандон, донишҷуён ва хонандагон маводҳои таблиғоти зиёда аз 2000 дона тақсим карда шуд. Аз тарафи намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаҳмонида шуд,ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ кори осон нест ва ин ҳам бошад хизматҳои шоёни сарвари давлатмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки моро ба ин дастоварҳои ноил гардонид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо