ХАТЛОН. Тибқи нақшаи ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант бахшида ба рўзи Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегатии якуми Роғун дар саннаи 14.11.2018 аксияи ҳизби бо ҷалби зиёди аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти шиори «Биё эй ҳамватан, бо ҳам бисозем Роғун»-ро гузаронида шуд. Дар аксия роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом суханрони намуда, иброз доштанд, ки моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро бахотири бунёди саргаҳи нерўгоҳи барқии обии Роғун дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрўзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо