ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш таърихи 14.10.2018 дар маҳаллаи Зарбдорони ҷамоати 20 Солагии Иститқлолияти Тоҷикистон бахшида ба рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқии обии Роғун бо чавонони маҳаллаи мазкур суҳбату вохурии судманд доир намуд.Зимни вохурии мазкур намояндаи ТҶҶ « Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров қайд намуд, ки аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳом бахши ғояи ваҳдати миллӣва раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон , Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷики табдил додаанд. Имруз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо , роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладу сарввари мекунад. Имруз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоҳи барқии обии Роғун машғул аст. Иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи барқи – обӣна танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё , балки баракату фаровонӣ, як дигарфаҳми, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ,бузургдилӣ, саховатмандӣва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо