СУҒД. Санаи 15- ноябр бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба кор даровардаи агрегати аввали нақби обии Роғун дар ҳудуди шаҳр аксия гузаронида шуд, ки дар он намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳр корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда дар гӯшаю канори шаҳр маводҳои таблиғотӣ насб намуданд. Дар рафти аксия маълум гардид, ки мардум аз иқдоми неки сарвари тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон шоду масрур гардида, ба истифода додани НОБ-и Роғунро барои мардуми тоҷик фоли нек пиндоштанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо