СУҒД. Санаи 14-ноябри соли 2018 бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен дар ташкилоту идораҳои қаламравии ноҳия аксияи «ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ» ташкил карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандони кумитаи иҷроия ба ташкилоту идораҳо ташриф оварда ҳамаи сокинонро бо ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтитоҳи чархи якуми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» табрик намуданд. Ба ҳамаи онҳо варақаҳои таблиғоти тақдим намуданд ва ҳамаи сокинони ноҳияро баҳри тамошои намоиши ифтитоҳи чархи аввали нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» даъват намудад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо