ШНТҶ. Санаи13 ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” бо ҷавонон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 9, 97 ва 16-и деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бо иштироки Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Комилҷон Шарипов ва мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Гадо Ҷӯраев вохӯрии судманд баргузор гардид. Инчунин, дар рафти вохӯриҳо масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва огоҳонидани ҷавонони кишвар аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо