ДУШАНБЕ. Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишварро ба хештаншиносиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад. Бо ташаббус ва иқдомоти бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани мо симои наву замонавӣ гирифт, пойтахти мамлакат дорои биноҳои серошёна, қасрҳои варзишу истироҳат ва коху корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд гардид. Ин бунёдкориву созандагиҳои азиму бесобиқаи зикршуда обрўи халқи тоҷикро дар минтақа ва ҷаҳон афзуда, кишварро ба сўи ояндаи неку шукуфон пеш мебарад. Имрўз Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишваре, ки ислоҳоти фарогири иқтисодиву иҷтимоиро муваффақона пеш мебарад, эътироф мекунад. Дар ин радиф бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аксия дар мавзӯи «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» бо дастрас намудани маводҳои таблиғотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир намуд. Дар аксия масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо