ДУШАНБЕ. 13-ноябри соли ҷорӣ аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия ҷиҳати истиқболи сазовори Рӯзи Призидент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО Роғун дар МД "Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" таҳти унвони Пешвои миллат ифтихори миллат" ва "Роғун шаҳодати бахти саодат аст" аксия доир намуданд. 30- нафар аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба ҳамаи бахшҳои ин муасисаи бузурги тандурусти ташриф оварда, онҳоро ба ин санаи муборак ва муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфта, бо овезаҳои ҷолибу зебо, ки ба нақшу мақоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сохтмони НБО Роғун ва бахшида шудааст, тақдим намуд
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо