СУҒД. Рузи гузашта сӯҳбати навбатии ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Зимни сӯҳбат Набиев Шерзод бо хонандагон оинномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» шинос намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат муҳайё гардидааст. Дар ин бобат пеш аз ҳама ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна хеле зиёд ба назар мерасад. Аз ин рӯ моро мебояд ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат мактабро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем. Инчунин дар давоми сӯҳбат хонандагон иброз доштанд, ки мо ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии чавонон «Созандагони Ватан» ҳамчун пайравони воқеии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки дар пайи сиёсати хирадмандонаву созанда ва ваҳдатофар ба чунин рӯзҳои нек расидаем. Дар беҳтарин шароит таҳсилу фаъолият ва зиндагӣ дорем, бо шукргузорӣ аз Ватани ободу давлати поянда манфиатҳои миллиро аз тамоми дигар арзишҳо боло гузошта, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро муқаддас медонем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо