ШНТҶ. Дар асоси ҷадвали баргузории мусобиқаҳои варзишии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, мусобиқа оид ба футбол дар байни хонандагони МТМУ-ҳои маркази шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашнҳои муҳими сиёсӣ: Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-ум ва ифтитоҳи агрегати аввали НБО-РОҒУН ба анҷом расид. Дар натиҷа МТМУ рақами 5 ҷойи аввал ва Ҷоми ТҶҶ "Созандагони Ватан"-ро соҳиб шуд, ҷойи дуюмро Гимназияи ба номи А.Балъамӣ ишғол кард ва ҷойи сеюмро МТМУ рақами 141 ишғол намуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Табаров ва мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия Туйдиев Тошқул иштирок ва суханронӣ намуда, Ҷоми ТҶҶ "Созандагони Ватан"-ро дар шароити мутантан тақдими дастаи ғолиб намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо